Noble Quran » Тоҷики » Books » ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: АБУБАКР (Р) ВА УМАР (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)
ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: АБУБАКР (Р) ВА УМАР (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)
Ин китоб роҷеъ ба зиндагинома, футуҳот, корномаи ду шахсияти бузурги таърихи ислом ва башарият, саҳобагони гиромӣ: Абубакр (р) ва Умар (р), ки ҳардуяшон хулафои рошидин ва падарарўсони (хусурони) Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) буданд, ба забони фасеҳу ширини форсии тоҷикӣ нақл мекунад.Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/333924
Random Books
- Ақидаи ҳар мусалмон (савол ва ҷавоб)Ақидаи ҳар мусалмон: Китобчаест ки 54 саволу ҷавобро дар мавзуи ақида дар бар мегирад, нависанда ба ин саволҳо аз Қурону Ҳадис ҷавоб медиҳад, зеро ин ки ақидаи тавҳид ин саъодату хушбахтии инсон дар дунё ва охират аст.
Formation : Муҳаммад Ҷамил Зайну
Source : http://www.islamhouse.com/p/309809
- Имон овардан ба улуҳияти ХудоМаънои имон овардан ба улуҳияти Худованд: Имон овардан ба улуҳияти Худо Бояд ҳар инсон тасдиқи қатъӣ намояд ба ин ки танҳо Аллоҳ таъоло сазовори ибодат ва парастиши зоҳирӣ ва ботинӣ мебошад; монанди дуъо, хавфу тарс аз Худо, таваккал намудан, мадад хостан, намоз, закот ва рўза. Бино бар ин банда яқин менамояд, ба ин ки фақат Аллоҳ таъоло маъбуди барҳақ ва бе мисли монанд мебошад, чуноне ки Аллоҳи бузург фармуда: (وإلهكم إله واحد لا إله إلا هو الرحمن الرحيم) «Ва Худои шумо якест, нест худое ҷуз Худованди бахшанда ва меҳрубон.»(Бақара-163)
Reveiwers : Билолуддин Бадруддин
From issues : http://www.firdavsi.com
Source : http://www.islamhouse.com/p/260232
- Вуҷуби амал ба суннати Расули Худо (с)Илми ҳадис ё суннат илмест, ки ба воситаи он гуфтаҳо, кардаҳо ва аҳволу кирдори Пайғамбар (с) шинохта мешавад. Олимони ҳадис суннатро ингуна таъриф гузоштанд: Маҷмуъаи гуфтор, кирдор, таъйид ва васфи чигунагии хилқат ва ахлоқи собитшуда аз пайғамбари худоро, хоҳ пеш аз пайғамбариаш бошад ва ё баъди пайғамбариаш, суннат гуфта мешавад. Олимони Ислом дар замони гузашта ва ҳозира иттифоқ кардаанд, ки асл ва асоси муътабар дар исботи аҳкоми шариъат ва ҳалолу ҳаром дар дараҷаи аввал Қуръони карим китоби Худованд аст. Баъд аз Қуръон суннати Расули Худо (с) аст, ки аз ҳавову ҳавас гап намезанад, балки ваҳйи аст, ки Худованд бар Ӯ (с) нозил фармуда аст. Баъд аз Қуръон ва суннат (яъне асл ва масдари севум) Иҷмоъи олимони уммати исломӣ аст.
Formation : Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз
Reveiwers : Мусъаби Ҳамза
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/369122
- Муҳаммад (с) Паёмбари башариятҲазрати Муҳаммад (с) Паёмбари мо инсонҳост, дилсӯзу меҳрубон, хайрхоҳу некандеш, дорои рафтор ва гуфторе аст, ки барои ҳар инсон дар ҳар замону макон ва дар ҳар мақому мавқеъияти беҳтарин сар машқ ва болотарин улгу аст. Нигори ман ки ба мактаб нарафту хат нанвишт, Ба ғамза масъала омӯзи сад мударрис шуд.
Formation : Мустафо ас-Сибоъи
Reveiwers : А. Ҳақназар
Translators : Мӯҳсин Шайхӣ
Source : http://www.islamhouse.com/p/380304
- Осонгири ва тасомуҳ дар ИсломДини ислом охирин пайғоми исломи аст ки Худованд онро барои ҳама мардум фуру фиристода аст чи дар машриқ ва чи дар мағриб, барои зан ва мард, қудратманд ва нотавон, сарватманд ва нодор, доно ва нодон, солим ва бемор, ба ҳамин хотир Худованд бо лутфу карами хеш пайғоми худро ба гунае нозил кард ки фаҳми он барои ҳама муяссар мебошад, ва дини ислом дар пайи он аст ки машаққат ва ҳараҷро аз мардум бардорад.
Formation : Солиҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумед
Translators : Абдусаттори Ҳақназар
Source : http://www.islamhouse.com/p/372449












