Noble Quran » Тоҷики » Books » Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)

  • Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)

    Миллатҳо ва мардуми дунё дар ҳар давру замон барои худ шахсиятҳо ва муқаддасоте доранд, ки чун рамзҳо ва нишонаҳои хотиравӣ азизашон медоранд ва барояшон эҳтиром қоиланд. Мо мусалмонҳо низ барои худамон ҳамин гуна муқаддасот ва арзишҳо дорем ва он ҳам бошад эҳтирому пайравӣ аз дастуроти дин ва Қуръону Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мебошад, ки ўро Худованд бароямон пешво ва роҳбар гардонидааст, зеро ў маъсум аст, яъне гуноҳонаш омурзида шудаанд... . Худоро шукру сипос мегўям, ки маро муваффақ ба гирдоварии ин маҷмўъаи бебаҳо, ки он ҳам бошад «Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)» мебошад, гардонид. Дар ин китоби хоксорона қиссаҳои пурҳикмат ва боарзиши ў (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро бо зикри санадҳои дақиқ гирдоварӣ намудаам, то мақому манзалати он Ҳазрат (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар партави оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ, барои шумо хонандаи азиз маълум гардад.

    Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/293044

    Download :Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)

Random Books

  • ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМКитоб усули шинохти асосгузорон ва нашркунандагони мактаби Ислом – Саҳобагони Расули Худо Муҳаммад саллаллоху ъалайҳи ва саллам ва хидмату заҳамоти он абармардонро дар тақвияту густариши дини илоҳӣ ва фазилату дараҷаи онон ва баёни ҳукми маҳбубияту пайравӣ ва ё бадбинию душманӣ дар ҳаққи ононро аз дидгоҳи Қуръон ва Суннат ва низ бозтоби симои он бузургонро дар осори назмии шоъирони гузашта ва муъосири форсу тоҷик пешкаши хонандагон менамояд. Дар ин робита нуқтаназарҳои чанд тан аз уламо ва пешвоҳои мазҳабии бузурги кишвар, аз ҷумла: Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Роҳбари маънавии ҲНИТ, Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва дигар азизонро дар хусуси шинохти фазоили Саҳобагони Расули Худо ва ҳукми саб ва носазогўяндаи онҳо мавриди баррасӣ қарор додаем.

    Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/369120

    Download :ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМ

  • Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.

    Formation : Муҳаммад Алминшови

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/321608

    Download :Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)

  • ҲАҶ ВА УМРАИн мақола дар бораи ҳаҷ ва умра, фарзҳои он, суннатҳои он, мустаҳабот ва дар бораи чигуна бояд ҳаҷ ва умра кардро баён мекунад.

    Translators : Мусъаби Ҳамза

    Source : http://www.islamhouse.com/p/250717

    Download :ҲАҶ ВА УМРАҲАҶ ВА УМРА

  • Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоатИн рисола иборат аст аз: Имон овардан ба Аллоҳ Таоло ва ба фариштагон ва ба китобҳои У Таоло ва ба тамоми паёмбарон ва ба рузи қиёмат ва ба тақдири неки ва бади.

    Formation : Муҳаммад ибни Солиҳ Ал-Усаймин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/228544

    Download :Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоатАқидаи аҳли суннат ва ҷамоат

  • ГУШАЕ АЗ ЗИНДАГОНИИ АСҲОБИ ПАЁМБАР (с) (разияллоҳу ъанҳум)Ин китоб баёнгари имони ростин ва шуҷоату қаҳрамонии ёрони босафои ҳазрати Паёмбар (дову дуруд бар У бод) аст, ки бо сидқу ихлос зи пай нуре, ки дар Макка дурахшид ва дар Мадина тобид ва дар ҷаҳон партав афканд, рафтанд ва саъодати ҷовидонро дар дунё бо зикри корномаҳои нек ва дар охират бо касби биҳишти барин дарёфтанд.

    Formation : Абдурраҳмон Раъфат Бошо

    Translators : Абдулҳалим Ъорифи

    From issues : Муассисаи Вақфи Исломи

    Source : http://www.islamhouse.com/p/221983

    Download :ГУШАЕ АЗ ЗИНДАГОНИИ АСҲОБИ ПАЁМБАР (с) (разияллоҳу ъанҳум)