Тоҷики - Sorah Al-Fatihah ( The Opening ) - Noble Quran

Noble Quran » Тоҷики » Sorah Al-Fatihah ( The Opening )

Choose the reader


Тоҷики

Sorah Al-Fatihah ( The Opening ) - Verses Number 7
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ ( 1 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 1
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!
الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ ( 2 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 2
Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ ( 3 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 3
Бахшояндаи меҳрубон,
مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ ( 4 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 4
Фармонравои рӯзи ҷазо.
إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ ( 5 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 5
Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёри меҷӯем.
اهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ ( 6 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 6
Моро ба роҳи рост ҳидоят кун:
صِرَاطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلَا الضَّالِّينَ ( 7 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 7
роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаи, на хашмгирифтагонӣ бар онҳо ва на гумроҳон.

Random Books

  • БОҒИ НАКУКОРОНИн китоб баргузидаи асари маъруфи олими тавонои асри XII Абузакариё ибни Шарафи Наввавӣ «Риёзу-с-солиҳин» аст. Ин асар дар робита ба муҳимтарин мавзўъҳои ҳаёти башарият аз ҳукми Худованди бузург дар Қуръони маҷид ва суннати Паёмбари Худо (с) оёт ва аҳодисро бо тавзеҳ гирд овардааст ва дар олами ислом пас аз «Сиҳоҳ»-и шашгона мақоми хос ба худ касб кардааст. Асар барои доираи васеи аҳли илм, ҷавонон ва махсусан толибилмон тавсия мешавад.

    Formation : Абу Закариё Аннавави

    Translators : Абдулҳалим Ъорифи

    From issues : Китобхонаи "Доруссалом"

    Source : http://www.islamhouse.com/p/315255

    Download :БОҒИ НАКУКОРОН

  • Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт! Таҳлил, баррасӣ, аҳком, назарот, ва пешгўиҳоИн китобча дар бораи ҳукми тамоку ё сигор кашидан ва зарарҳои он мебошад, муаллиф баён мекунад ки сигор ба як вабои аср табдил ёфтааст. Ва чигуна бояд аз вай дури ҷуст.

    Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Reveiwers : Мисбоҳиддини Ҳомид

    Source : http://www.islamhouse.com/p/294967

    Download :Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт! Таҳлил, баррасӣ, аҳком, назарот, ва пешгўиҳоТамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт! Таҳлил, баррасӣ, аҳком, назарот, ва пешгўиҳо

  • Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаъодати халифаи панҷумини мусулмонон Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва панҷумин халифаи рошид, Умар ибни Абдулазизи Умавӣ, набераи Умар ибни Хаттоби Қурайшӣ мебошад. Ў ҳамчун имоми одил ва халифаи фозил шуҳрат ёфта буд. Соли шастуяк дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омада дар ҳамонҷо дар оилаи дорову сарватманд нашъунамо ёфт.

    Formation : Муҳаммад Алминшови

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/324365

    Download :Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)

  • Ақидаи ҳар мусалмон (савол ва ҷавоб)Ақидаи ҳар мусалмон: Китобчаест ки 54 саволу ҷавобро дар мавзуи ақида дар бар мегирад, нависанда ба ин саволҳо аз Қурону Ҳадис ҷавоб медиҳад, зеро ин ки ақидаи тавҳид ин саъодату хушбахтии инсон дар дунё ва охират аст.

    Formation : Муҳаммад Ҷамил Зайну

    Source : http://www.islamhouse.com/p/309809

    Download :Ақидаи ҳар мусалмон (савол ва ҷавоб)

  • ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢСипас аз олимон касоне буданд, ки чил (ҳадис)-ро дар усули дин, баъзеи онҳо дар фурўъ, баъзеи онҳо дар ҷиҳод, баъзеи онҳо дар зўҳд (парҳезгорӣ), баъзеи онҳо дар адаб ва баъзеи дигар дар хутба гуфтан ҷамъ кардаанд ва ҳамаи онҳо ниятҳои некў доштанд; Худо аз қосидони ин корҳо хушнуд бод. Ба дурустӣ, лозим донистам чил ҳадисеро ҷамъоварӣ намоям, ки муҳимтар аз ҳамаи онҳост, он чил ҳадисе аст, ки ҳамаи он мавзўъҳо (-и дар боло зикршударо) дар бар мегирад, ҳар яке аз он (ҳадис) пояи бузурге аз пояҳои дин аст, чунон ки олимон васф кардаанд, ки меҳвари ислом, ё нисфи ислом, ё сеяки ислом ва ё монанди он аст.

    Formation : Абу Закариё Аннавави

    Source : http://www.islamhouse.com/p/328848

    Download :ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ