Noble Quran » Тоҷики » Books » Вуҷуби амал ба суннати Расули Худо (с)
Вуҷуби амал ба суннати Расули Худо (с)
Илми ҳадис ё суннат илмест, ки ба воситаи он гуфтаҳо, кардаҳо ва аҳволу кирдори Пайғамбар (с) шинохта мешавад. Олимони ҳадис суннатро ингуна таъриф гузоштанд: Маҷмуъаи гуфтор, кирдор, таъйид ва васфи чигунагии хилқат ва ахлоқи собитшуда аз пайғамбари худоро, хоҳ пеш аз пайғамбариаш бошад ва ё баъди пайғамбариаш, суннат гуфта мешавад. Олимони Ислом дар замони гузашта ва ҳозира иттифоқ кардаанд, ки асл ва асоси муътабар дар исботи аҳкоми шариъат ва ҳалолу ҳаром дар дараҷаи аввал Қуръони карим китоби Худованд аст. Баъд аз Қуръон суннати Расули Худо (с) аст, ки аз ҳавову ҳавас гап намезанад, балки ваҳйи аст, ки Худованд бар Ӯ (с) нозил фармуда аст. Баъд аз Қуръон ва суннат (яъне асл ва масдари севум) Иҷмоъи олимони уммати исломӣ аст.Formation : Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз
Reveiwers : Мусъаби Ҳамза
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/369122
Random Books
- Саду як қисса аз ҳаёти Алӣ ибни Абўтолиб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи чаҳоруми мусулмонон Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) чаҳорумин халифаи рошид ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда мебошад. Насаб ба Ҳошимиён дорад ва аз қабилаи Қурайш, писарамаки Паёмбар (с) аст. Ва Паёмбар (с) беҳтарин духтараш Фотимаро (р) ба никоҳи ў даровард. Падари Ҳасан ва Ҳусейн (р) мебошад.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/324363
- ТАЛҲА ВА ЗУБАЙР (ҲАМСОЯГОНИ ПАЁМБАР ДАР БИҲИШТ)Дар ин китоб муаллиф дар бораи ҳаёт ва зиндаги ва чигуна ба ислом гаравидани ҳазрати Талҳа ва Зубайрро барои хонандагон баён мекунад, ва ин чунин баъзе фазилатҳо ва суханони Паёмбари ислом дар бораи ин ду саҳобии пешқадам ба ислом ва башорат додашуда ба ҷаннатро низ пешкаши хонандагон мекунад.
Translators : Муҳсин Рамазони
Source : http://www.islamhouse.com/p/353550
- Саду як қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод)Дар ин китоб беҳтарин намунаҳо аз лаҳзаҳои ҳаёти босаъодати ин марди наҷиб Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод) бо ҳамроҳии Паёмбари Худо ва дигар саҳобагони киром аз ахлоқи накўву писандида, садоқату вафодори, дўстию рафоқат ва олитарин нишонаи меҳру садоқат, исор ва аз худгузари дар баробари дўст, гирдовари гаштаанд.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/305041
- Беҳтарин инсонҳо баъд аз ПаёмбаронХудованд Паёмбарашро дар миёни гуруҳе аз халқи худ, яъне Асҳоб баргузида аст, ки ӯро бар ҷон ва моли худ бартарӣ доданд ва дар ҳар ҳол худро фидои эшон намуданд, чунон чӣ Худованд дар Қуръони Карим васфашон менамояд ва мефармояд:
Translators : Исҳоқ ибни Абдуллоҳ Аддабири Ал-Авази
From issues : وزارة الأوقاف والشؤون الإسلامية بالكويت
Source : http://www.islamhouse.com/p/376476
- Дӯстӣ ва хешовандӣ миёни аҳли байт ва асҳоби Паёмбар (с) (Намунаҳои далолаткунанда бар робитаҳои самимӣ миёни аҳли байт ва саҳобагон)Ин намунаҳои хешовандӣ гуёи муҳаббати ногусастанӣ ва хешовандии бисёр мустаҳкам миёни аҳли байт ва саҳобаи Паёмбар (с) аст. Ин китоб бо далелҳои равшан ва мустаҳкам мавзуи муҳаббати мавҷуд миёни онҳоро исбот мекунад ҳамон гуна ки Худованд дар васфи онҳо гуфтааст: "Нисбат ба якдигар меҳрубон ва дилсӯзанд".
Formation : Али ибни Ҳамад ибни Муҳаммад Ат-Тамими
From issues : Маркази баҳсҳои мабарраи Ол ва Асҳоб
Source : http://www.islamhouse.com/p/344067