Noble Quran » Тоҷики » Books » Аҳли Байт аз худ дифоъ мекунанд
Аҳли Байт аз худ дифоъ мекунанд
Аҳли Байт аз худ дифоъ мекунанд : Ин китобро яке аз олимони Шиъа навиштааст, ва дар он баъзе аз таноқузоти шиъаро баён кардааст, ва мавзуъҳои зиёдеро дар бар гирифтааст монанди : Дар бораи Абдуллоҳ ибни Сабо, ва ҳақиқати пайравии шиъа аҳли байтро, ва таъна задани шиъа Паёмбари Исломро ва саҳобагони киромро, ва ин чунин дар масалаи мутъа ва он хурофоте ки дар бораи он сухан мегуянд, ва инчунин хумс, ва дар бораи ақидаи шиъа дар китобҳои осмони ва ақидаи онҳо дар бораи Аҳли Суннат.Formation : Ҳусейни ал-Мусави
Translators : Чаводи Мунтазири
Source : http://www.islamhouse.com/p/244087
Random Books
- Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/321608
- НАЗАРИ УЛАМОИ МУОСИРИ ТОҶИК ДАР МАВРИДИ САҲОБАИқтибос аз китобӣ «ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМ» Мардуми мусалмони тоҷик аз ҳамон ибтидои пазириши Ислом пайрави аҳли суннат ва ҷамъоат буда, дилҳои эшон дар тўли таърихи наздик ба якуним ҳазор сол аз муҳаббати саҳобагони Расули акрам (с) ва дигар бузургони садри Ислом лабрез мебошад. Онҳо дар муҳаббати асҳоб ва ёрони Паёмбар (с) аз ифроту тафрит дурӣ намуда, дар шинохти фазлу азамат ва ҷойгоҳи рафеъи эшон равиши эътидолро дар пеш гирифтаанд. Инак, назари чанд тан аз шахсиятҳои барҷаста ва ходимони намоёни динро дар бораи мақом ва ҷойгоҳи саҳобагони Расули акрам (с) ва бузургони садри Ислом манзури хонандагон менамоем. Онҳо бо мутолиъаи назари ин бузургон метавонанд мавқеъи феълии донишмандон ва ҳамин тавр мардуми мусалмони тоҷикро дар бораи бузургон ва пешвоёни садри аввал ба даст оваранд.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/373105
- Осонгири ва тасомуҳ дар ИсломДини ислом охирин пайғоми исломи аст ки Худованд онро барои ҳама мардум фуру фиристода аст чи дар машриқ ва чи дар мағриб, барои зан ва мард, қудратманд ва нотавон, сарватманд ва нодор, доно ва нодон, солим ва бемор, ба ҳамин хотир Худованд бо лутфу карами хеш пайғоми худро ба гунае нозил кард ки фаҳми он барои ҳама муяссар мебошад, ва дини ислом дар пайи он аст ки машаққат ва ҳараҷро аз мардум бардорад.
Formation : Солиҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумед
Translators : Абдусаттори Ҳақназар
Source : http://www.islamhouse.com/p/372449
- Шарҳи осони ақидаи таҳовӣБарои ҳар кор асос ва зербино лозим аст. Илми ақида ҳам асосу таҳдоби ҳамаи корҳо ва илмҳо мебошад, зеро, ки бидуни он некбахтии дунё ва мақбулияти аъмол ба даргоҳи Худованд имконпазир нест. Аз ҳамин ҷиҳат уламои гузашта илми ақидаро муҳимтарин ва сароғози тамоми улум мегуфтанд ва инчунин мусалмононро барои омўзиши он ташвиқу тарғиб менамуданд ва ҳатто донистани он - «ақидаи тавҳид»-ро бар ҳар зану марди мусалмон фарзи айн мешумориданд... . Аммо баъд, китоби ҳозир шарҳи мўҷазест дар баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат, ки эшон дар мазҳаби фақиҳони бузурги уммати Ислом, Абўҳанифа, Нўъмон ибни Собити Кўфи ва Абуюсуф, Яъқуб ибни Иброҳим Ансори ва Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбони мебошанд. Ақидаи саҳеҳи онҳоро имом Абўҷаъфари Таҳови дар ҳаҷми китобе тадвин намуда, ки воқеъан он хело ҷолиб ва муфид гардидааст. Ҳақиқатан тамоми уммати Ислом матни ақидаи Имом Таҳовиро хуб пазируфтанд ва шарҳу таълиқоти зиёд барояш навиштанд, ки баъзеашон тибқи далоили суннати набави шарҳ намуда ва баъзе дигар дар шарҳ намудан тариқаи мутакаллимин (аҳли каломро) дунбол гирифтанд. Яке аз бузургтарину судбахштарини он шарҳҳо шарҳи Имом Абулъиззи Ҳанафи мебошад, ки ў дар шарҳи худ се мулоҳизаи ислоҳҷўёна бар соҳиби «Ақидаи Таҳови» ирод фармудааст.
Formation : Муҳаммад Абдурраҳмон Алхумайс
Translators : Абдулҳалим Ъорифи
Source : http://www.islamhouse.com/p/288179
- Яктопарасти воқеъи беҳисоб дохили биҳишт хоҳад гаштЯктопарасти воқеъи ва ҳақиқи касе аст ки дар ҳама ҳолат таваккал ба худо карда ҳеҷгоҳ ба худованд ширк намеварзад.
Formation : Мусъаби Ҳамза
Source : http://www.islamhouse.com/p/371460