Тоҷики - Sorah Al-Kafiroon ( The Disbelievers ) - Noble Quran

Noble Quran » Тоҷики » Sorah Al-Kafiroon ( The Disbelievers )

Choose the reader


Тоҷики

Sorah Al-Kafiroon ( The Disbelievers ) - Verses Number 6
قُلْ يَا أَيُّهَا الْكَافِرُونَ ( 1 ) Al-Kafiroon ( The Disbelievers ) - Ayaa 1
Бигӯ: «Эй кофирон!
لَا أَعْبُدُ مَا تَعْبُدُونَ ( 2 ) Al-Kafiroon ( The Disbelievers ) - Ayaa 2
Ман чизеро, ки шумо мепарастед, намепарастам
وَلَا أَنتُمْ عَابِدُونَ مَا أَعْبُدُ ( 3 ) Al-Kafiroon ( The Disbelievers ) - Ayaa 3
ва шумо низ чизеро, ки ман мепарастам, намепарастед
وَلَا أَنَا عَابِدٌ مَّا عَبَدتُّمْ ( 4 ) Al-Kafiroon ( The Disbelievers ) - Ayaa 4
ва ман парастандаи чизе, ки шумо мепарастед, нестам
وَلَا أَنتُمْ عَابِدُونَ مَا أَعْبُدُ ( 5 ) Al-Kafiroon ( The Disbelievers ) - Ayaa 5
ва шумо парастандаи чизе, ки ман мепарастам, нестед,
لَكُمْ دِينُكُمْ وَلِيَ دِينِ ( 6 ) Al-Kafiroon ( The Disbelievers ) - Ayaa 6
Шуморо дини худ ва маро дини худ!»

Random Books

  • Аркони ИмонАркони Имон, рукни аввали имон, ва ягонагии Худованд, ва парастиши Худованди ягона ва маънои калимаи шаҳодат, ва навъҳои ширк, ва маънои ибодат, ва далелҳои воридшуда дар Қурону суннат дар бораи ягонагии Худованд, ва дигар гуфтаниҳо дар мавриди ягонагии Худованд, инҳо мавзуъҳое ҳастанд ки ин китобча дар бар гирифта аст.

    Formation : Маркази таҳқиқоти илми, Донишгоҳи исломии Мадинаи Мунаввара

    Reveiwers : Мусъаби Ҳамза

    Source : http://www.islamhouse.com/p/268472

    Download :Аркони ИмонАркони Имон

  • ҲАҶ ВА УМРАИн мақола дар бораи ҳаҷ ва умра, фарзҳои он, суннатҳои он, мустаҳабот ва дар бораи чигуна бояд ҳаҷ ва умра кардро баён мекунад.

    Translators : Мусъаби Ҳамза

    Source : http://www.islamhouse.com/p/250717

    Download :ҲАҶ ВА УМРАҲАҶ ВА УМРА

  • Осонгири ва тасомуҳ дар ИсломДини ислом охирин пайғоми исломи аст ки Худованд онро барои ҳама мардум фуру фиристода аст чи дар машриқ ва чи дар мағриб, барои зан ва мард, қудратманд ва нотавон, сарватманд ва нодор, доно ва нодон, солим ва бемор, ба ҳамин хотир Худованд бо лутфу карами хеш пайғоми худро ба гунае нозил кард ки фаҳми он барои ҳама муяссар мебошад, ва дини ислом дар пайи он аст ки машаққат ва ҳараҷро аз мардум бардорад.

    Formation : Солиҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумед

    Translators : Абдусаттори Ҳақназар

    Source : http://www.islamhouse.com/p/372449

    Download :Осонгири ва тасомуҳ дар ИсломОсонгири ва тасомуҳ дар Ислом

  • Нигоҳи нав ба таърихи садри ИсломИн китоб як фатрае аз муҳимтарин фатраҳои торихи исломиро дар бар мегирад, ва он ҳам : Баъд аз вафоти Паёмбари Ислом то соли 61-и ҳиҷри (то кушта шудани ҳазрати Ҳусейн –Худо аз он рози бод-) мебошад. Дар фасли нахустини ин китоб дар бораи он ки таърихро чи гуна бояд омўхт ва равиши Имом Муҳаммад Ҷарири Табари роҷеъ ба таърихи Ислом баён шудааст. Фасли дуввуми ин рисолаи пурарзиш дар бораи биъсати Расули акрам (с) ва ҳодисаҳои пас аз вафоти Расули акрам (с) то соли 61-и ҳиҷрии қамари рўйдода, маълумот медиҳад ва достону ривоятҳои дурўғин ва сохтаро гўшзаду таъкид месозад ва ҳақиқати ҳолро арзёби мекунад. Фасли саввуми ин китоб ба мавзўъи адолати саҳобагон (р) ба истинод аз Қуръон ва Суннат бо баёни муҳимтарин шубҳаҳое, ки дар мавриди онҳо эрод шуда ва баёни ҳақиқат дар ин маврид бахшида шудааст. Дар фасли чаҳорум ва хотимавии рисола муаллиф ва пажўҳишгари варзида қазияи хилофати исломиро мавриди барраси қарор дода, бо овардани далелу бурҳонҳои қотеъ шарҳу тавзеҳоти ғаразнок ва ғайривоқеъии як қатор муҳаққиқонро рад мекунад.

    Formation : Усмон ибни Муҳаммад Ал-Хамис

    Source : http://www.islamhouse.com/p/212768

    Download :Нигоҳи нав ба таърихи садри Ислом

  • ТавҳидИн китоб дарбаргирандаи фанни тавҳид буда, барои шогирдони мадориси ибтидои муқаррар шудааст. Дар он муҳимтарин мавзўъҳои тавҳид бо услуби кутоҳ ва равшан баён гардидааст. Китоби мазкур муҳимтарин масоили тавҳид ва яктопарастиро фаро гирифта, дорои фавоиди гаронбаҳои тарбияви ва ахлоқист.

    Formation : عبد العزيز بن محمد آل عبد اللطيف

    Translators : Абдулҳалим Ъорифи

    From issues : Муассисаи Вақфи Исломи

    Source : http://www.islamhouse.com/p/212764

    Download :Тавҳид