Noble Quran » Тоҷики » Sorah An-Nas ( Mankind )
Тоҷики
Random Books
- Ҳиҷоб чаро?Худоро сипос мегўем, ки дар ин замони пурфитна ва фасод, замоне, ки побандӣ ба дин, монанди чанг задан ба шарораҳои оташ аст, теъдоде аз хоҳарони мусалмон мўътақид ба усул ва мабодианд ва алоқа доранд то ҳиҷоби шаръиро, ки қалъаи мўҳкам дар баробари фасоди ҷомеаи исломӣ аст, ҳифз намоянд. Бале, дастаҳои палиди истеъморгарони Ғарб ва пайравони онҳо даст ба кор шудааст, то бо равишҳои мухталиф, ҷомеаи исломиро ба фасод ва фаҳшо бикашанд. Яке аз ин равишҳо, бардоштани ҳиҷоб аст, ки душманон дар ин қарни ахир барои бардоштани ҳиҷоб аз ҳеч кушише дареғ нанамудааст.
Formation : Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Исмоил Ал-Муқаддам
Reveiwers : Муҳсин Рамазони
Translators : Абдулқодир таршоби
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/385912
- Саргузашти имом АбуҳанифаИн китоб қисми аввали аз саргузашти имом Абуҳанифа мебошад. Нависанда дар ин китоб дар бораи нашъунамо ва талаби илму, устодони имом Абуҳанифа суҳбат мекунад.
Formation : Мисбоҳиддини Ҳомид
Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Source : http://www.islamhouse.com/p/204700
- Паноҳгоҳи мусалмон: Азкор ва дуъоҳое аз Қуръон ва Аҳодиси набавиПаноҳгоҳи мусалмон: Нависандаи ин китоб шайх Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳаф ал-Қаҳтонӣ –Худованд дар ҳифзи худаш нигоҳаш дорад- мебошад, яке аз беҳтарин китобҳои зикрҳои рӯзу шаб дар ҳаёти мусалмон ба ҳисоб меравад, ва бо фазли Худованд ин китоб ба бисёре аз забонҳо тарҷума шудааст, ва кушиш кардем ки ҳамаи ин тарҷумаҳоро дар як саҳифа ҷамъ биоварем, ва зери назорат ва роҳбарии муаллиф забонҳои боқимондаро тарҷума кунем.
Formation : Саъид ибни Али ибни Ваҳб Ал-Қаҳтони
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/385690
- Оё ислом ҳуқуқи занҳоро поймол кардааст?Баъд аз иштирок карданам дар чандин баҳсҳо ва хондани чандин мақолаҳо дар мавриди "Ҳуқуқи зан дар ислом" ба чунин хулоса омадам ки чанд гуфтание дар ин мавзуъ барои азизон пешкаш кунам. Хонандагони азиз! Ин чанде аз шубҳаҳое ҳастанд, ки баъзе аз душманони дину инсоният миёни мардум меандозанд, ва ман баъзе аз онҳоро бароятон пешкаш хоҳам кард, ва сипас ба ҳамаи онҳо алоҳида-алоҳида ҷавоб хоҳам гуфт. Шубҳаи аввал: Гуё мардуми мусалмони точик занҳояшонро аз руи нобовари ва бе эътимодияшон маҷбур ба ҳиҷоб пуши мекунанд, дар ҳоле ки мо мардҳо натавонистаем барои занҳо беҳтарин шароити зисту зиндагиро фароҳам созем, пас бо кадом ҳуқуқ мо онҳоро маҷбур ба ҳиҷоб пуши кунем? Ва ин кори мардон сафиҳона мебошад. Ва водоштани зан ба пушидани либосе, ки дилхоҳи худи у нест, намунае аз зулму ситами мардони рузгори мост, ва бояд решакан шавад.
Formation : Умар Хатлони
Source : http://www.islamhouse.com/p/287537
- ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИНҲазрати Оиша (р) бешак яке аз барҷастатарин чеҳраҳои дурахшони олам ба шумор меравад. Худованд ба рўйи эшон дарҳои раҳмат ва фазлу карамашро боз намудааст. Лутфи илоҳӣ Оишаро дар ибтидо духтари шахсияти беназире ба мисли Абубакри Сиддиқ (р.з) қарор додааст, ки ин худ фахри бузург аст. Баъдан, тарзе аз шиносоӣ бо зиндагиномаи ҳазрати Оиша (р.з) маълумамон мешавад, пешомади хубтару саодатмандтаре эшонро дар оғўш мегирад. Ин ҳам бошад, издивоҷи мутаҳҳар бо беҳтарин авлоди ҳазрати Одам, яъне Муҳаммади Мустафо (дуову дуруд бар у бод) аст.
Formation : Холид Абу Солиҳ
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/329655












