Noble Quran » Тоҷики » Books » Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)
Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)
Миллатҳо ва мардуми дунё дар ҳар давру замон барои худ шахсиятҳо ва муқаддасоте доранд, ки чун рамзҳо ва нишонаҳои хотиравӣ азизашон медоранд ва барояшон эҳтиром қоиланд. Мо мусалмонҳо низ барои худамон ҳамин гуна муқаддасот ва арзишҳо дорем ва он ҳам бошад эҳтирому пайравӣ аз дастуроти дин ва Қуръону Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мебошад, ки ўро Худованд бароямон пешво ва роҳбар гардонидааст, зеро ў маъсум аст, яъне гуноҳонаш омурзида шудаанд... . Худоро шукру сипос мегўям, ки маро муваффақ ба гирдоварии ин маҷмўъаи бебаҳо, ки он ҳам бошад «Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)» мебошад, гардонид. Дар ин китоби хоксорона қиссаҳои пурҳикмат ва боарзиши ў (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро бо зикри санадҳои дақиқ гирдоварӣ намудаам, то мақому манзалати он Ҳазрат (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар партави оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ, барои шумо хонандаи азиз маълум гардад.Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/293044
Random Books
- Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?Библия дар бораи Хотам-ул-анбиё Муҳаммад (с) оё чизе гуфтааст? Шайх Аҳмади Дидот яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми исломшиносии муосир миёни тадқиқотҳои сершумору хеле арзанда ва пурарзиши худ яке аз онҳоро маҳз ба ҳамин мавзўъ бахшида, ба ин саволи ниҳоят душворе, ки беш аз ҳазору чаҳорсад сол на танҳо олимону муҳаққиқин, балки ҳар як инсони соҳибақлро дар рўи замин маҷбур месозад сар ба зонуи тафаккур гузорад, посухи мантиқӣ гуфт. Ин тадқиқоти шайх Дидот зери унвони «Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?» қариб ба тамоми забонҳои халқхои дунё ба чоп расида, баҳои арзандаро низ сазовор гардид.
Formation : Аҳмад Дидот
Source : http://www.islamhouse.com/p/322439
- ГУШАЕ АЗ ЗИНДАГОНИИ АСҲОБИ ПАЁМБАР (с) (разияллоҳу ъанҳум)Ин китоб баёнгари имони ростин ва шуҷоату қаҳрамонии ёрони босафои ҳазрати Паёмбар (дову дуруд бар У бод) аст, ки бо сидқу ихлос зи пай нуре, ки дар Макка дурахшид ва дар Мадина тобид ва дар ҷаҳон партав афканд, рафтанд ва саъодати ҷовидонро дар дунё бо зикри корномаҳои нек ва дар охират бо касби биҳишти барин дарёфтанд.
Formation : Абдурраҳмон Раъфат Бошо
Translators : Абдулҳалим Ъорифи
From issues : Муассисаи Вақфи Исломи
Source : http://www.islamhouse.com/p/221983
- Масъалаҳои рамазониМавзуъҳои ин мақола иборатанд аз: Маънои руза. Вақти руза. Моҳи рамазон бар ки фарз аст? Шартҳои фарзи руза чаҳорто мебошанд. Шартҳои қабули руза. Суннатҳои руза шашто мебошанд. Амалҳое ки рузаро ботил месозад. Рузаҳои мустаҳаб. Рузҳое ки руза доштанашон ҳаром аст. Хусусиятҳои моҳи рамазон. Насиҳатҳо. Закоти фитр.
Formation : Абдуллоҳ ибни Чоруллоҳ ибни Иброҳим Ал-Чоруллоҳ
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/364581
- Ақвол ва аъмоле, ки барои онҳо подош ва аҷр таъйин шуда астДар ин мақола баъзе аз ақвол ва аъмоле ки барои иҷро кардани он аҷру подош аст, бо далелҳо аз ҳадисҳои паёмбар баён карда шудааст.
Formation : Гуруҳе аз Олимон
Source : http://www.islamhouse.com/p/339054
- Саду як қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод)Дар ин китоб беҳтарин намунаҳо аз лаҳзаҳои ҳаёти босаъодати ин марди наҷиб Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод) бо ҳамроҳии Паёмбари Худо ва дигар саҳобагони киром аз ахлоқи накўву писандида, садоқату вафодори, дўстию рафоқат ва олитарин нишонаи меҳру садоқат, исор ва аз худгузари дар баробари дўст, гирдовари гаштаанд.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/305041












