Noble Quran » Тоҷики » Books » Саду як қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод)
Саду як қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод)
Дар ин китоб беҳтарин намунаҳо аз лаҳзаҳои ҳаёти босаъодати ин марди наҷиб Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод) бо ҳамроҳии Паёмбари Худо ва дигар саҳобагони киром аз ахлоқи накўву писандида, садоқату вафодори, дўстию рафоқат ва олитарин нишонаи меҳру садоқат, исор ва аз худгузари дар баробари дўст, гирдовари гаштаанд.Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/305041
Random Books
- ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: АБУБАКР (Р) ВА УМАР (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)Ин китоб роҷеъ ба зиндагинома, футуҳот, корномаи ду шахсияти бузурги таърихи ислом ва башарият, саҳобагони гиромӣ: Абубакр (р) ва Умар (р), ки ҳардуяшон хулафои рошидин ва падарарўсони (хусурони) Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) буданд, ба забони фасеҳу ширини форсии тоҷикӣ нақл мекунад.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/333924
- Шарҳи осони ақидаи таҳовӣБарои ҳар кор асос ва зербино лозим аст. Илми ақида ҳам асосу таҳдоби ҳамаи корҳо ва илмҳо мебошад, зеро, ки бидуни он некбахтии дунё ва мақбулияти аъмол ба даргоҳи Худованд имконпазир нест. Аз ҳамин ҷиҳат уламои гузашта илми ақидаро муҳимтарин ва сароғози тамоми улум мегуфтанд ва инчунин мусалмононро барои омўзиши он ташвиқу тарғиб менамуданд ва ҳатто донистани он - «ақидаи тавҳид»-ро бар ҳар зану марди мусалмон фарзи айн мешумориданд... . Аммо баъд, китоби ҳозир шарҳи мўҷазест дар баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат, ки эшон дар мазҳаби фақиҳони бузурги уммати Ислом, Абўҳанифа, Нўъмон ибни Собити Кўфи ва Абуюсуф, Яъқуб ибни Иброҳим Ансори ва Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбони мебошанд. Ақидаи саҳеҳи онҳоро имом Абўҷаъфари Таҳови дар ҳаҷми китобе тадвин намуда, ки воқеъан он хело ҷолиб ва муфид гардидааст. Ҳақиқатан тамоми уммати Ислом матни ақидаи Имом Таҳовиро хуб пазируфтанд ва шарҳу таълиқоти зиёд барояш навиштанд, ки баъзеашон тибқи далоили суннати набави шарҳ намуда ва баъзе дигар дар шарҳ намудан тариқаи мутакаллимин (аҳли каломро) дунбол гирифтанд. Яке аз бузургтарину судбахштарини он шарҳҳо шарҳи Имом Абулъиззи Ҳанафи мебошад, ки ў дар шарҳи худ се мулоҳизаи ислоҳҷўёна бар соҳиби «Ақидаи Таҳови» ирод фармудааст.
Formation : Муҳаммад Абдурраҳмон Алхумайс
Translators : Абдулҳалим Ъорифи
Source : http://www.islamhouse.com/p/288179
- Масъалаҳои рамазониМавзуъҳои ин мақола иборатанд аз: Маънои руза. Вақти руза. Моҳи рамазон бар ки фарз аст? Шартҳои фарзи руза чаҳорто мебошанд. Шартҳои қабули руза. Суннатҳои руза шашто мебошанд. Амалҳое ки рузаро ботил месозад. Рузаҳои мустаҳаб. Рузҳое ки руза доштанашон ҳаром аст. Хусусиятҳои моҳи рамазон. Насиҳатҳо. Закоти фитр.
Formation : Абдуллоҳ ибни Чоруллоҳ ибни Иброҳим Ал-Чоруллоҳ
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/364581
- ТавҳидИн китоб дарбаргирандаи фанни тавҳид буда, барои шогирдони мадориси ибтидои муқаррар шудааст. Дар он муҳимтарин мавзўъҳои тавҳид бо услуби кутоҳ ва равшан баён гардидааст. Китоби мазкур муҳимтарин масоили тавҳид ва яктопарастиро фаро гирифта, дорои фавоиди гаронбаҳои тарбияви ва ахлоқист.
Formation : عبد العزيز بن محمد آل عبد اللطيف
Translators : Абдулҳалим Ъорифи
From issues : Муассисаи Вақфи Исломи
Source : http://www.islamhouse.com/p/212764
- Саду як қисса аз ҳаёти Алӣ ибни Абўтолиб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи чаҳоруми мусулмонон Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) чаҳорумин халифаи рошид ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда мебошад. Насаб ба Ҳошимиён дорад ва аз қабилаи Қурайш, писарамаки Паёмбар (с) аст. Ва Паёмбар (с) беҳтарин духтараш Фотимаро (р) ба никоҳи ў даровард. Падари Ҳасан ва Ҳусейн (р) мебошад.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/324363












